Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Биё, ҷоно, ки танг омад зи ҳиҷронат ҷаҳон бар ман,

Биё, ҷоно, ки танг омад зи ҳиҷронат ҷаҳон бар ман, Ба поят то кашам ҷонро гузар доманкашон бар ман. Диле дорам ман аз меҳри ту пур в-аз дигарон холӣ, Чӣ бошӣ меҳрбон бар дигарон, номеҳрбон бар ман?! Чӣ бок, ар кӯҳҳои ғам ниҳодӣ баҳри ман бар ҳам, Ки миннатҳост аз ту аз замин то осмон бар ман. Чу аз хунам шавад гул остонат дар замин ғалтам, Ки гардад хилъати раҳмат гули он остон бар ман. Фитад бар риштаи ҷонам гиреҳ аз лаъли хомӯшат, Маозаллаҳ аз он рӯзе, ки бикшоӣ забон бар ман. Танам сар то қадам пур шуд зи паймонҳои ту з-ин сон, Ки ҳамчун кӯҳи оҳан коргар н-ояд синон бар ман. Сабукборам махоҳ аз кӯҳи андуҳи бутон, Ҷомӣ? Ки меояд хаёли ин сабукборӣ гарон бар ман.