Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Алопар

Алопари мо, Турми дари мо, Саги беҳтарин Дар гузари мо. Сар ба рӯйи даст Гузорад мудом, Магӯ, ки хоб аст, Дар гӯшаи бом. Туро диҳад фан, Бедор Алопар, Ба имои ман Тайёр Алопар. Гар ошноӣ, Кор надорад, Гар бегонаӣ, Намегузорад. Аз дарсам оям, Дар мекушояд, Пешопеши ман Ба хона ояд. Шом ояд, аз дар Намебарояд, То субҳ аз бом Намефурояд. Алопари мо, Турми дари мо, Саги беҳтарин Дар гузари мо.

Китобҳои муаллиф