Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҷону дил пайванд кун бо ёри бемонанди хеш,

Ҷону дил пайванд кун бо ёри бемонанди хеш, Ҳарчи ғайр аз ишқи ӯ банд аст бигсил банди хеш. Ӯ ба зоти худ ғании мутлақ омад, лек нест Дар зуҳури ин ғано муҳтоҷи ҳоҷатманди хеш. Зоҳид аз наззораи хубон маро савганд дод, Ҷилвагар з-ин сон туӣ, чун нашканӣ савганди хеш. Ҳеч чизе нест пеши дидаи ориф ҳиҷоб, Ӯ ба ишқи туст маъзур аз зану фарзанди хеш. Оламеро гӯши ақлу ҳуш бар гуфтори туст, Меҳри хомӯшӣ гушо аз лаъли шакарханди хеш. Носеҳи мушфиқ диҳад пандам, ки тарки ишқ гӯй, Рӯй бинмо, то кашад шармандагӣ аз панди хеш. Ёри бемонанди мо фард аст, Ҷомӣ, аз ду кавн, Фард шав, то бархӯрӣ аз ёри бемонанди хеш.