Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Эй зи ғамҳои ту бо мурдан баробар зиндагӣ,

Эй зи ғамҳои ту бо мурдан баробар зиндагӣ, Зарбати теғат паёпай зиндагӣ бар зиндагӣ. Чун тамаъ дорам зи бахти худ давоми васли ту, Менагардад ҷовидон касро муяссар зиндагӣ. Бо ҳузури ту чӣ нисбат суҳбати ағёрро? Ҳар касе донад, ки ҳаст аз марг хуштар зиндагӣ. Чун ту бастӣ парда бар рух, гӯ, аҷал бикшой даст! Нест хатте ошиқонро баъд аз ин дар зиндагӣ. Куштаи ту то хӯрад як бори дигар захми ту, Аз Худо хоҳад, ки ёбад бори дигар зиндагӣ. Рӯзи ҳиҷрони ту мирад зор ошиқ ҳамчу шамъ, Чун расад шоми висолат, гирад аз сар зиндагӣ. Номи Ҷомӣ дар ҷаҳон монд аз тахаллусҳои хеш, Дорад, оре, аз сухан номи суханвар зиндагӣ.