Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Доранд ҷамъи моро хубони мӯпарешон,

Доранд ҷамъи моро хубони мӯпарешон, Хуш бод вақти эшон, чун вақти мо зи эшон. Ҷамъияти дил ояд аз зулфашон ба маънӣ, Гарчи зи рӯи сурат бошанд мӯпарешон. Не дил дареғ дорам з-эшон, на ҷони ширин, Дил медиҳам бад-эшон, ҷон мекунам фидошон. Бар душманон чу марҳам бо дӯстон чу нешанд, Биншаст сахт ин ғам бар реши синарешон. Моро аз ишқи эшон донӣ, ки чист ҳосил? Озодагӣ зи ёрон, бегонагӣ зи хешон. Бошад зи гиряи шаб ҳар субҳи хонаи мо, Аз пеш остон хун бигрифта то ба пешон. Донӣ кадом қавманд аҳли вусул, Ҷомӣ? Дар ишқ сахткӯшон, дар зуҳд сусткешон.