Пеш аз он дам, ки қалам нақш кунад ҳарфи нахуст,
Пеш аз он дам, ки қалам нақш кунад ҳарфи нахуст,
Дошт тифли дили ман лавҳи вафои ту дуруст.
Кор бар хастадилон ҳамчу қабо танг магир,
Гарчи бар қомати ту хилъати ҳусн омада чуст.
Ашки худро зи назар ғарқа ба хун меронам,
Ки чиро чашми ман аз хок кафи пои ту шуст.
Чанд гӯӣ, ки чу васлам нашавад ёфт, маҷӯй,
То маро тобу тавон аст, туро хоҳам ҷуст.
Нест дар бодияи ишқ назар Лайлиро,
Ҷуз бар он лола, ки бо доғи дили Маҷнун руст.
Гар кашам бе ту зи бадбахтии худ сад сахтӣ,
Ҳошалиллаҳ, ки шавад робитаи ишқи ту суст.