Суруди ватан
Гуфтам: “Ватан”, чаман-чаман ин анҷуман шукуфт,
Гуфтам: “Ватан”, чу гул ба лабонам сухан шукуфт.
Гуфтам: “Ватан, Ватан”, ҳама дашту даман шукуфт,
Уммеди ман, муҳаббати ман дар Ватан шукуфт.
Эй сарзамини аввали наззораи Худо,
Эй аз ҳазор раҳни раҳӣ[] раставу раҳо.
Эй осмони ту ватани офтоби пок,
Эй остони ту ватани нангу ори мо.
Эй кишвари калому саломи хуҷастагон,
Бар даҳр аз ту рафт паёми хуҷастагон.
Озода зоди меҳани озодагон туӣ,
Дар номи туст партави номи хуҷастагон.
Ҷону дилам чу оби зулолат зулол бод,
Ризқам чу нони мардуми покат ҳалол бод.
Номат чу шеъри Рӯдакӣ баъд аз ҳазор сол,
Ин гуна дилпазир, чунин безавол бод.
Хоки ту бӯи меҳру вафо мекунад, Ватан,
Номи ту атри ишқи Худо мекунад, Ватан.
Овои обшори зулолат ба лаҳни пок,
Моро ба ишқи пок садо мекунад, Ватан.