Макун дар куштанам з-ин беш тақсир,
Макун дар куштанам з-ин беш тақсир,
Чу ман мурдам зи ғам, дигар чӣ тадбир.
Шуда доми ҷунун рӯи ту бар халқ
Бар он дар зулфи ту аз мушк занҷир.
17 Ин ҷо дар асли нусха сафед буд.
Зи захмат мурд оҳуву ман аз рашк,
Ду сайд аз по дарафкандӣ ба як тир.
Зи ишқат хуни дил бо шир хӯрдам,
Дар ин хунхориям шуд мӯй чун шир.
Маҳу сайёраро дар хоби Юсуф
Бувад хукарда рухсори ту таъбир.
Ту хуш зӣ ҷовидон дар ҳавдаҷи ноз,
Фалак гӯ моҳро маҳмил фурӯ гир.
Хамид аз бори ҳиҷрат пушти Ҷомӣ,
Ҷавоно, раҳм кун бар ҷони ин пир.