Эй, дар самои ишқи ту тасбеҳхон малак,
Эй, дар самои ишқи ту тасбеҳхон малак,
Дар рақс бар таронаи тасбеҳашон фалак.
Олоф кардаанд алифи ваҳдати туро,
Уҳҳоди мумкинот, ки сафаранд як ба як.
Боқӣ намонд ҷуз алифи ваҳдати ту ҳеч,
Аз лавҳи эътибор чу гаштанд ҷумла ҳақ.
Бинӣ ба мо ки чашми ҷаҳонем рӯи хеш,
В-он чашмро ба ғайри ту кас нест мардумак.
Зоҳид ба кунҷи савмаа машғули зуҳди хеш,
Ғавғои ошиқон зи само гашт то самак.
Ҳошо, ки бар ту ҷилва кунад шоҳиди яқин,
Сайқал накарда ойинаи дил зи занги шак.
Дил бар бало бинеҳ, чу кунӣ даъвии вало,
Кӯҳи балост нақди валои туро маҳак.
Ҷомӣ, зи ишқ гӯй, ки бе шӯри ишқ шеър,
Дар коми аҳли завқ таомест бенамак.