Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Бидеҳ ба расми сабӯҳ, эй ҳариф, ҷоми шароб,

Бидеҳ ба расми сабӯҳ, эй ҳариф, ҷоми шароб, Ки шайхи воқеабинро гузашт умр ба хоб. Аз он шароб, ки чун дидаро кунад равшан, Вуҷуди кавн намояд чунон ки ҳаст сароб. Аз он шароб, ки аз ҷӯш агар фурӯд ояд, Қабои чарх шавад музмаҳил чу ҷоми ҳубоб. Аз он шароб, ки ҳар ҷо бувад, зи нашъаи он, Ҳазор ошиқи ориф ҳазор масти хароб. Шудем пиру надорем ҳасрате ҷуз аз ин, Ки бе таматтуъ аз ин май гузашт аҳди шабоб. Бирез бар сари мо ҷуръае, ки охири давр Баёзи шишаи худро ба он кунем хиҷоб. Шароб хӯрдану масту хароб ҷон додан, Саодати абад ин аст, Ҷомиё, дарёб!