Мусича
Ҳар саҳар аз пушти дар
Мусича ово диҳад,
Дон модарам ҳар саҳар
Дар пушти дар мениҳад.
Қум-қ уме пур аз сурур
Аз зери айвон ояд,
Дондеҳашро ташаккур
Гӯяд мусича шояд.
Мусича хушдимоғ аст,
Як коса дона дорад.
Дар чашми модари ман
Хурсандӣ хона дорад.
ҚУ
Толоб нилтоб аст,
Қу андаруни об аст,
Дар ҷойи худ наҷунбад,
Тавре, ки гӯйӣ хоб аст.
Не чашм медавонад,
Не бол мефишонад,
Бар оби сарду сокин
Не нӯл мерасонад.
Як шаҳр мешитобад,
Як шаҳр чора кобад,
То аз азоби гармо
Мӯе амон биёбад.
Хоке, ки зери пояст,
Чун лахчаи баҷояст.
Оташ ҳаво гирифта,
Гарм аз саҳар ҳавояст.
Қуро на ғам, на парво
