Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Мевачинӣ Меравем

Танҳо машин дар тангҷо, Аз тангно берун баро, Майле агар дорӣ ба мо, Бо худ сабад гиру биё. Мо мевачинӣ меравем. Чашми саҳар равшан шавад, Ман меравам, Гул меравад, Баҳрину Парвин меравад. Дар боғ ширин пухтааст Олую зардолую себ, Мисли асал, Мисли шакар Тармеваҳои дилфиреб. Афзояд аз ҳар баргу бар Нуре ба нури дидаат, Ҷонат ҳаловат мебарад Аз меваҳои чидаат. Пар мезанад шодӣ чу кабк Дар домани кӯҳи фароз, Дар боғ хандоханди мо Гул мекунад рӯзи дароз. Танҳо машин дар тангҷо, Аз тангно берун баро, Мо мевачинӣ меравем, Бо мо биё, Бо мо биё!

Китобҳои муаллиф