Хуш он манзил, ки моҳе бошад он ҷо,
Хуш он манзил, ки моҳе бошад он ҷо,
Зи хайли ҳусн шоҳе бошад он ҷо.
Қабо гардад ҳазорон хирқа ҳар ҷой,
Ки чун ту каҷкулоҳе бошад он ҷо.
Ба боғ, ар бигзарӣ, сарви хиромон.
Кам аз шохи гиёҳе бошад он ҷо.
Бар он лаб чун кунад дил даъвии хун,
Зи ҳар чашмам гувоҳе бошад он ҷо.
Ба кунҷи ошиқон аз тарру аз хушк,
Ҳамин ашкеву оҳе бошад он ҷо.
Зи роҳи ҷоҳу ҳашмат по бурун неҳ,
Ки дар ҳар гом чоҳе бошад он ҷо.
Гаронӣ барнатобад кӯят, он беҳ,
Ки Ҷомӣ гоҳ-гоҳе бошад он ҷо.