Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ба ҳар ки ҳаст чу ширу шакар даромезӣ,

Ба ҳар ки ҳаст чу ширу шакар даромезӣ, Маро бибиниву аз ман зи дур бигрезӣ. Ҳазор ҳила кунам то расам ба суҳбати ту, Ҳанӯз пеши ту ман нонишаста, бархезӣ. Бикуш марову макун қасди дигарон, то кай Ба қасди куштани ман хуни дигарон резӣ. Зи турраат диле овехта ба ҳар сари мӯй, Набуд турраи мушкин бад-ин диловезӣ. Бувад, зи санги ҷафот устухони ман шуда орд, Пас аз вафот агар хоки қолабам безӣ. Зи фарқ то ба қадам фитнаӣ ба гоҳи қиём, Ҳазор фитна ба тороҷи мо барангезӣ. Балои дунйиву динанд некувон, Ҷомӣ, На таври ақл бувад, к-аз бало напарҳезӣ.