Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Бори Гарон

Оҳиста хар по мениҳад, Дониста хар по мениҳад. Шеб ояд аз роҳи фароз, Аз пайраҳи дуру дароз. Сӯе наяндозад назар, Боре гарон дар пушти хар. Аввал ба раҳ дӯзад нигоҳ, Поро пасон монад ба роҳ. Бар роҳгардиҳои хар Буз таъни худро кард сар, К-эй баста бар поят сиреш, По хубтар бигзор пеш! То чанд мемонӣ лаванд? Кай мешавӣ чусту даванд? Раҳ меравӣ чун сангпушт, Орому безебу дурушт! Монанди ман по зан ба раҳ, Чобук бидав, Чобук биҷаҳ! Ин гуна по монӣ ба роҳ, Бар манзил оӣ субҳгоҳ… Бар таъни буз нодода гӯш Хар пой мемонад хамӯш. Донад, ки аз кори шитоб Н-ояд ба каф бори савоб. Раҳ дида поро мениҳад, Санҷида поро мениҳад. Аз таънаи беҷои буз, Аз талхгӯиҳои буз, Гарчӣ гаронтар бор гашт, Хар андаке ҳушёр гашт. Шеб - нишеб

Китобҳои муаллиф