Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

«Фи юмни-з-замони ато аҳсан-ул-китоб»,

«Фи юмни-з-замони ато аҳсан-ул-китоб», Аънӣ мисоли отифати шоҳи комёб. Яъқуб бин Ҳасан, ки ба уммеди базми ӯст, Гардун мудом – соғари заррини офтоб. Бо тавқи тоаташ сари гарданкашон хуш аст, «Ло зола тавқи тоата молики ар-риқоб». Мадҳаш ҳамин бас аст, ки шуст оби теғи ӯ Аз сафҳаи замона рақамҳои носавоб. Бастам лаб аз дуош, чу дидам рафиқи ӯ Аз пешгоҳи ғайби дуоҳои мустаҷоб. Соқӣ, биёву дар қадаҳ афкан шароби лаъл, Зеро, ки кору бори ҷаҳон нест ҷуз сароб. Сероб аз он шароб наёмад касе бурун, Хуш он ки чун ҳубоб фурӯ рафт дар шароб. Гар нест шоҳиде, ки ба рӯяш кашем май, Аз рӯи шоҳидони сухане даркашам ниқоб. Хоса, зи шоҳиди сухане к-аш дабири шоҳ Бар рух ниҳод ҷаъди мусалсал зи мушки ноб. Ҷомӣ, ки ёфт гулшани умраш ба аҳди шайб, Аз бӯи васл тозагуле равнақи шабоб. Лутфе бувад, ки соқии гулрух ба як-ду ҷом Мӯи сафедаш аз майи гулгун кунад ҳиҷоб.