Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Аз они туст, аз они ман

Мову ту чун ду нарди ток Парвардаи ин обу хок. Ин оби соф, ин хоки пок, Аз они туст, аз они ман, Ҷони ту асту ҷони ман. Хору хасаш, барги каҳаш, Гарду гилаш, санги раҳаш, Бо пайраҳу бо пайгаҳаш, Аз они туст, аз они ман, Ҷони ту асту ҷони ман. Ин кӯю дар, ин ҷӯю ҷар, Ин теғаи оҳугузар, Ин қуллаи чун тоҷи сар, Аз они туст, аз они ман, Ҷони ту асту ҷони ман. Ин роғу ин дашту даман, Ин боғу гулгашту чаман, Ин рӯдҳои мавҷзан, Аз они туст, аз они ман, Ҷони ту асту ҷони ман. Хуни падарҳо рехта, Ҳусне бар он ангехта, Хоки ба хун омехта, Аз они туст, аз они ман, Ҷони ту асту ҷони ман. Обаш ба ҷойи сад даво, Хокаш ба ҷойи тӯтиё. Ин олами нуру сафо, Аз они туст, аз они ман, Ҷони ту асту ҷони ман. Ҷонам, ватандорем мо,

Китобҳои муаллиф