Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Бе Болу Пар Пар Мезанам

Дар ҷойи худ биншастаам, Аммо равон ҳастам, равон, Бе болу пар пар мезанам Байни замину осмон. Аз рӯйи ҷӯ кардам гузар, Кардам гузар аз рӯйи ҷар, Пас монд сад пасту баланд, Пас монд сад кӯю гузар. Пас монд сад майдону боғ, Пас монд водии Ҳисор, Кӯҳ омаду бурсу яхаш Бо чашмаву бо обшор. Дар ёлаҳо бузғолаҳо Бо барраҳо гарми чаро, Раҳ чун пайи печони мор Печон равад то қуллаҳо. Гандум тилои ҷаъфарист, Дил мебарад зарри тило, Хирман зада дасти дарав Аз муштаҳо дар пуштаҳо. Пешу пас ояд сад ситеғ Пешу пас ояд сад дара, Инаш аз он зеботар аст, Онаш аз ин хубу сара. То сер бинам кӯҳро, Бар кӯҳ дӯзам чашм дер, Серӣ бубинам ҳар қадар, Чашмам нагардад боз сер. Дар ҷоякам биншастаам, Дил мепарад, Дил мепарад, Афсонаи зебои кӯҳ Дил мебарад, Дил мебарад. Монанди кӯҳистони ман Ҷое набошад дар ҷаҳон… Беболу пар пар мезанам Байни замину осмон.

Китобҳои муаллиф