Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Гулрӯ Пай Бурд?

Гулрӯ ба даҳ по мениҳад, Ғам модарашро медиҳад. Бе модараш Гулрӯ саҳар Аз дар намонад по бадар. Мактаб равад Гулрӯйи ҷон, Дар дасти модар ҷузвдон. Ҳайрону пурсон марду зан: - Шогирд кист аз ин ду тан? Дирӯз пири кӯчарӯб, Чун дидашон, хандид хуб: - Гӯед, ҷойи айб нест, Мактабрави ин хона кист? Ин ҷузвдони модар аст? Ё ҷузвдони духтар аст? Аз шарм Гулрӯ даргирифт, Ранги гули абҳар гирифт. Аз дасти модар ҷузвдон Бигрифту тозон шуд равон. Дар раҳ дигар нашмурд пай, Оё ки Гулрӯ бурд пай, К-ин одаташ матлуб нест? - Озори модар хуб нест.

Китобҳои муаллиф