Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Хоне кашида ишқ сазовори офарин,

Хоне кашида ишқ сазовори офарин, Бисмиллаҳ, эй ҳарифи гадохӯи раҳнишин. Аз файзи ому хос аҷаб хирмане ниҳод, К-аъёни коинот аз онанд хӯшачин. Ӯро сазад сипос, ки ҳастанд ҷовидон, Ҳам аввалин ғариқи наволаш, ҳам охирин. Перояи тавони ҳама ӯст рӯзи касб, Сармояи ҷазои ҳама ӯст явми дин. Ҳам файзи ӯст дар ҳама офоқ мустафиз, Ҳам нури ӯст дар ҳама заррот мустабин. Таъбир аз ӯ ба сиғаи ғоиб чаро кунам, З-ин сон, ки шуд мушоҳиди ӯ дидаи яқин. Эй он ки ҷуз вуҷуди ту мақсуди мард нест, Он ҷо ки ҳаст дидаи тавҳид тезбин. Дар ишқи ту фано шудан ийёканаъбуд аст, Баъд аз фано бақо бувад ийёка настаъин. Чун ҳодии сирот туӣ, иҳдина-с-сирот, Яъне ба сӯйи худ бинамо роҳи ростин. Фаррақ фақат натиҷаи қаҳре бувад азим, Ҷамъи фаҳасб ҳукми залоле бувад мубин. Моро ба ҷамъи тафриқаву ҷамъ раҳ намой, Маҳрум аз ин ба он неҳу маҳрум аз он ба ин. Омин магӯй, Ҷомиву фонӣ шав андар он, Гар хоҳӣ ин дуо ба иҷобат шавад яқин.