«Ё аниса-л қулуби фи-л-халавот,
«Ё аниса-л қулуби фи-л-халавот,
Бика нода-л-вуҳуш фи-л-фалавот».
То нагардад рухи ту қуррати айн,
Ло туқирра-л-уюна фи-с-салавот.
Бода гар нек нашъае дорад,
«Нашъат-ул-ишқ атябу-н-нашавот…».
Бори ишқи ту пушти мо хам кард,
«Ло муруру-ш-шуҳур ва-с-салавот…».
Дарди ҳаҷри ту ашки мо хун сохт,
Ло мазо-л-ъашо ва-л-ғадавот».
Равад аз дил ҳадиси ишқ ба дил,
На расонид ровиёни равот.
Нест, Ҷомӣ, навиштани ғами ишқ,
Нома тай кун, бисӯз килку давот.