Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Аз ҳеч нишон дода даҳоне, ки ту дорӣ,

Аз ҳеч нишон дода даҳоне, ки ту дорӣ, Бар мӯи камар баста миёне, ки ту дорӣ. Сад ҷомаи ҷон чок шавад, чун бихиромад, Бо лутфи қабо, сарви равоне, ки ту дорӣ. Шуд аз кашиши абруи ту қомати мо хам, Касро нарасад зӯри камоне, ки ту дорӣ. Хатсабзиву рух хони ҷамоласту ҷаҳоне Меҳмон шуда бар сабзиву хоне, ки ту дорӣ. Онон ки асирони туро таъназанонанд, Ғофилшудагонанд зи оне, ки ту дорӣ. Ҳар кас шуда қонеъ зи ҷамолат ба нишоне, Берун зи нишонҳост нишоне, ки ту дорӣ. Ҷомӣ, ба ғазал кӯш, ки дар ҳадди камол аст Бар тарзи ҳасан ин суханоне, ки ту дорӣ.