Гунҷишкакон
Дар шохаҳо чун баргҳо
Гунҷишкакон биншастаанд,
Гунҷишкакон дар шохаҳо
Чун баргҳои бастаанд.
Гунҷишкакон дар шохаҳо
Чун баргҳо кам мешаванд,
Дар шохаҳо чун баргҳо
Гунҷишкакон зам мешаванд.
Пешу қ афо пар мезананд
Аз шохаҳо бар шохаҳо,
Резанд аз тори ҳаво
Чун баргҳо пешу қ афо.
Баъди зимистон медамад
Субҳи баҳори гулфишон,
Ид асту бозӣ мекунанд
Гунҷишкакон чун кӯдакон.
