Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Гаҳе ки бар сари зулфат шамол мегузарад,

Гаҳе ки бар сари зулфат шамол мегузарад, Аз ӯ бипурс, ки бар мо чӣ ҳол мегузарад? Зи рӯзи ҳаҷри ту розе ҷуз ин намегӯям, Ки рӯз ҳамчу маҳу моҳ сол мегузарад. Ба маҷлисе, ки туӣ бе ниқоб, маҳ зи саҳоб Ниқоб карда ба сад инфиол мегузарад. Чу бе рақиб ҳаме бинамат аз он лаби лаъл, Гадоии аҷабам дар хаёл мегузарад. Тааттушам ба ту наншаст, агар чи ханҷари ту Ба ҳалқи ташна чу оби зулол мегузарад. Дилам ба ёди лабат аз хаёли лаъл гузашт, Касе, ки ёфт гуҳар аз сафол мегузарад. Намерасад ба дили аҳли табъ ҷуз Ҷомӣ, Чу зикри тӯтии ширинмақол мегузарад.