Аз Сидқи Дил
Тарсу наям, аз тарси ҷон
Дар дил маро набвад нишон,
Бовар надорӣ гар, бикун
Ҳар вақт хоҳӣ имтиҳон.
Аз тайи роҳи дури дур
Ҳаргиз натобам рӯйро,
Раҳ пеш гирам, обу тоб
Бидҳам дили раҳпӯйро.
Мегирам аз домони абр,
Бар қуллаҳо по мениҳам,
Чун фотеҳи кӯҳи баланд
Аз қулла ово медиҳам.
Шинам ба рӯйи боли нур,
Раҳ гирам аз пушти саҳар,
Бо чашми равшан то кунам
Бар оламу одам назар.
Об оварам, оби ҳаёт
Бо майлу бо шавқи тамом,
Сӯйи замини сӯхта,
Сӯйи замини ташнаком.
То манзили деҳқон шавад,
То мулки ободон шавад,
Пур хони бози одамон
Аз неъмати алвон шавад.
Хоҳам, ки гардам соате
Ҳамболи мурғ они ҳаво,
То худ биёбам огаҳӣ
Аз сӯзи сахти синаҳо.
Ҳар ҷо барад роҳам маро,
Он ҷо намеояд зиён,
Бо худ ба ҳар кӯй оварам
Суд аз барои одамон.
Хуб аст, агар дар рӯзгор
Бо одамон ҳамдам шавӣ,
Қисмат кунӣ шодӣ гаҳе,
Гоҳе шарики ғам шавӣ.
Бахти баланде ҳеҷ нест,
