Сандалӣ
Дар турми дар чун посдор,
Дар поси худ - сармо, вале
Парво намеояд маро,
Бо кӯрпа пӯшидааст,
Роҳатрасони ҷисму ҷон,
Дар зер - коне аз алав,
Дар рӯй - хоне ҳамчунон.
В-он чор сӯйи сандалӣ
Чун чор сӯйи олам аст,
Холӣ намонад ҳеҷ вақт -
Ҷойи ҳузури одам аст.
Шаб дар занад, пур мекунад
Момо алавдон аз алав,
Ҷо дар яке аз гӯша гир,
Афсонаи момо шунав.
Меҳмони рӯйи сандалӣ
Кочӣ1 шавад аз субҳгоҳ,
То шомгоҳон сӯйи ту
Сардӣ наёбад ҳеҷ роҳ.
Даҳлез сарду хона сард,
Сардӣ садо бидҳад зи дар,
Гарм аст кунҷи сандалӣ,
Сармо куҷо дӯзад назар?
Ҷое чу кунҷи сандалӣ
Бошад дар ин дунё зиёд?
Ёде чу ёди сандалӣ
Оё равад аз лавҳи ёд?
Бо сад мақ оме мебаранд
Гармӣ ба манзилҳо, вале
Бо сандалӣ ҳампалла нест,
Холист ҷойи сандалӣ!
