Чароғ
Рӯйи ҷӯ,
Сари кӯча,
Болои дари кӯча,
Сӯйи соҳил,
Сӯйи боғ,
Монд акоям чароғ.
Кӯчаи пур-пури санг,
Кӯчаи торику танг,
Кӯчаи пурчангу дуд,
Нуронӣ шуд,
Васеъ шуд.
Ҳар кас акнун шабона
Ояд ба сӯйи хона,
Поро накӯбад ба санг,
Дигар нашавад дилтанг.
Нури як чароғи хурд
Тирагӣ аз кӯча бурд.
Коре набошад хуштар,
Аз он ки андар олам
Раҳро кунад мунаввар
Одам барои одам.
