Қавлу ғазале, ки дил рабояд ҳамаро, Чангат ба усули чап сарояд ҳамаро. Чанги ту ба чанги зулфи хубон монад, З-он рӯй шикастанаш хуш ояд ҳамаро.