Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Нотарс Чӣ Сон Шавад Ӯ?

Аз навда ба навда дав-дав ояд, Парво накунад зи роҳи нобоб, Тарсанда ки ҳеҷ нест, санҷоб Дар шохи дарахт меравад хоб. Тозон-тозон қатори модар Оҳубара мерасад зи тангӣ, Тарсанда ки нест, бе ҳаросе, Аз санг сабук ҷаҳад ба санге. Маймунбача мисли дорбоз аст, Овезаи гӯши шохаи тар, Тарсанда ки нест, бе хаёле Аз шох парад ба шохи дигар. Ҳамсояи ҳафтсолаи мо Бе гиря ба поя по намонад, Тарсанда ки ҳаст, ҳеҷ танҳо Аз бом фуромадан натонад. Санҷобаку оҳубарра, гӯед, Маймунаки тезпар, ту ҳам гӯ, Нотарс чӣ сон шавад, ки номаш Ҳар ҷо набаранд ҳамчу тарсу?

Китобҳои муаллиф