Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Гуфтам: Каям даҳону лабат комрон кунанд?

Гуфтам: Каям даҳону лабат комрон кунанд? Гуфто: Ба чашм, ҳар чӣ ту гӯйӣ, ҳамон кунанд. Гуфтам: Хироҷи Миср талаб мекунад лабат, Гуфто: Дар ин муомила камтар зиён кунанд. Гуфтам: Ба нуқтаи даҳанат худ кӣ бурд роҳ? Гуфто: Ин ҳикоятест, ки бо нуктадон кунанд. Гуфтам: Санампараст машав, бо самад нишин, Гуфто: Ба кӯйи ишқ ҳам ину ҳам он кунанд. Гуфтам: Ҳавои майкада ғам мебарад зи дил, Гуфто: Хуш он касон, ки диле шодмон кунанд. Гуфтам: Шаробу хирқа на ойини мазҳаб аст, Гуфт: Ин амал ба мазҳаби пири муғон кунанд. Гуфтам: Зи лаъли нӯшлабон пирро чӣ суд? Гуфто: Ба бӯсаи шакаринаш ҷавон кунанд. Гуфтам, ки хоҷа кай ба сари ҳаҷла меравад? Гуфт: Он замон ки Муштарию Маҳ қирон кунанд. Гуфтам: Дуои давлати ӯ вирди Ҳофиз аст, Гуфто: Ин дуо малоики ҳафт осмон кунанд.