Туро Мо Ёд Кардем!
Тути балхӣ рӯйи раҳ пухт,
Зарбадан дашту даман шуд,
Ранги худ олу бадал кард,
Сурх ҳамчун рӯйи ман шуд.
Гандуму ҷав шуд тилоӣ,
Пуштаву тал шуд зарандуд,
Кӯҳдоман ранг бигрифт,
Ҷо барои шабдарав шуд.
Обаке чак-чак чакон аст,
Мисли ашки ях равон аст,
Чӯҷаи кабк аз сари санг
Аз пайи модар парон аст.
Кӯч аз дашту даман баст
Чорпо сӯйи кӯҳистон,
Боз шавқи кӯҳгардӣ
Мекашад аз нӯги домон…
Бе ту мо дилгир будем,
Эй тамуз, эй фасли гармо,
Бӯса бар лабҳои ях зан,
Гармие деҳ ҷони моро.
Дер кардӣ,
Ёд кардем
Мо туро бисёр, бисёр,
Фикри мо кардӣ ту боре,
Фасли гарми мулки кӯҳсор?
