Барои Ту, Барои Ман
Пагоҳи Наврӯз,
Субҳи дилафрӯз,
Ҳадя бигир,
Ҳадя бидеҳ,
ҷонакам, имрӯз.
Ду ғ унчаи гул,
Ду зеби кокул,
Якташа гир,
Якташа мон
барои Сунбул.
Ду пораи қ анд,
Қанди Самарқ анд,
Якташа гир,
Якташа мон
барои Хурсанд.
Ду ноки хушбӯ,
Ноки Сари ҷӯ,
Якташа гир,
Якташа мон
барои Гулрӯ.
Дар таки айвон -
Ду тӯби ғ елон,
Якташа гир,
Якташа мон
барои Сомон.
Дар шафати дар -
Ду баста дафтар,
Якташа гир,
Якташа мон
барои Довар.
Себу анорак,
Кулча қаторак,
