Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Уштур Ба Раҳ Равон Шуд!

Абр аз раҳи дур омад, Абре не, уштур омад, Уштури каҷовадор, Бораш ҳама борон буд, Борони баҳорон буд. Аз теғаҳо фуромад, Ба пуштаҳо баромад. Каҷ шуд яке каҷова, Якбора чун аз нова Бораш ба замин шорид, Дар пушта борон борид. Сурӣ оби борон хӯрд, Оби борон торон хӯрд, Чукрӣ дасту рӯяш шуст, Сияҳалаф мӯяш шуст. Майсаи гандуму ҷав, Лолаҳои чун алав, Оби борон нӯшиданд, Пуштаҳоро пӯшиданд… Офтобак тобон шуд, Уштур ба раҳ равон шуд, Тобон тиру камон шуд, Кӯҳу тал гулситон шуд!

Китобҳои муаллиф