Поси Модар
Мурғак суроғи дона рафт,
Гулчӯҷаро дар лона монд,
Дар лона назди чӯҷааш
Оби зулолу дона монд.
Гуфто: - Дилу ҷони манӣ,
Беҳуда бар ҳар сӯ мадав,
Аз лона огаҳ бош хуб,
Бесар машав,
Берун марав.
Мурғак чу пар бикшоду рафт,
Гунҷишкакон гирд омаданд,
Белонаҳо пешу қ афо
Атрофи дон гирд омаданд.
Чиданд аввал донаро,
Карданд баъд аз он сухан,
Ҷустанд айби чӯҷаро
Гунҷишкакони таъназан.
Гуфтанд: Хеле танбалӣ,
Дил бастаӣ бар хӯрду хоб,
Модар ба ҷоят донакоб,
Модар бароят донаёб.
Беҳон ки бар саҳро равӣ,
Чӯйӣ барои худ ғ изо,
Камтар азобу ғам диҳӣ
Ту модари бечораро.
Пар боз кун, бо мо биё,
Бар манзили наздику дур,
Он ҷо, к-аз ин ҷо беҳтар аст,
Аз дона пур, ҷойи сурур.
Гунҷишкакон мехостанд,
Гулчӯҷа чун аз лонааш
