Ба коми нафс зи ҷоми фано наёбӣ ҳаз,
Ба коми нафс зи ҷоми фано наёбӣ ҳаз,
Ба гоми ақл зи мулки бақо наёбӣ ҳаз.
Фанои ишқ шаву аз фано фано шав низ,
Ки бе фанои фано аз Худо наёбӣ ҳаз.
Зи хеш толиби хаз шав, ки гар бурун аз хеш
Ду кавнро талабӣ ҳеч ҷо наёбӣ ҳаз.
Ибои фақру қабои фаност бар ту ҳаром,
Агар зи сирри ибо дар қабо наёбӣ ҳаз.
Бубаст ҳирсу ҳаво бар дилат маҷории файз,
Аз он зи суҳбати аҳли сафо наёбӣ ҳаз.
Туро чӣ суд, ки гул шуд ба боғ нофакушой,
Чу аз равоиҷи боди сабо наёбӣ ҳаз.
Чу ҳаззи аҳли дилон аз бало бувад, Ҷомӣ,
Ҳамин балои ту бас, бе бало наёбӣ ҳаз.