То чу қадаҳ бо дили пурхун наӣ,
То чу қадаҳ бо дили пурхун наӣ,
Комситон з-он лаби майгун наӣ.
То нахӯрӣ ғӯтта ба дарёи ашк,
Толиби он гавҳари макнун наӣ.
Турраи Лайлӣ чи диҳам бо ту шарҳ,
Чун ту аз он силсила Маҷнун наӣ.
Аз шиками моҳии баҳри фано
Дам мазан, эй шайх, ки зуннун наӣ.
Гуфтаӣ, аз нестиям пур чу най,
Лофи пурӣ чанд занӣ, чун наӣ.
Рӯ ба фузӯнӣ наниҳӣ аз камӣ,
Гар зи ҳама дар камӣ афзун наӣ.
Ҷомӣ, агар ҳалқаи ушшоқро
Сар нашудӣ, шукр, ки берун наӣ.